Мулоқот дар Вазорати молия

Февраль 14, 2013 14:47

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 13 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва раиси Намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Питер Микула баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот натоиҷи рушди иқтисодии кишвар ва аҳамияти ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон, ҳамчунин дурнамои ҳамкории мутақобиларо муҳокима намуданд.Масъалаҳои расонидани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон ва мақоми созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ дар ин самт низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба сафари пешорӯи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар нимаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтнд.

Февраль 14, 2013 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст