Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо роҳбарияти ширкати нафтугазии «Total»

Февраль 13, 2013 11:45

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар»).- 11 феврали соли 2013 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба ш.Париж вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарияти ширкати нафтугазии «Total» — ноиби раис оид ба стратегияи рушди корӣ Оливие де Лангаван, Ноиби Раис оид ба бастани шартномаҳои нав ва идораи саҳмияҳо Эрве Шаню, ноиби раис Филипп Эрго ва мудири корҳои тадқиқотӣ ва истеҳсолот Марк Блезо вохӯрд. Ҳадафи вохӯрӣ муҳокимаи масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Total» дар соҳаи истихроҷ ва коркарди захираҳои нафтугазӣ буд. Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ ба мусоҳибони худ дар бораи фазои сармоягузорӣ ва ҳолати канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми кишвар маълумот дод. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруф, ба монанди «Tetis Petroleum» ва «Газпром» фаъолият менамоянд. Ҳамрохон Зарифӣ таъкид сохт, ки ҷумҳурӣ соҳиби захираҳои бойи табиӣ буда, омода аст бо ширкати мазкури фаронсавӣ дар соҳаҳои дахлдор ҳамкории самаранок ба роҳ монад. Дар навбати худ ноиби раис Оливие де Лангаван ҳавасмандӣ ва омодагии ширкати худро дар ҷустуҷӯйи роҳҳои мушаххаси таъсис ва рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи нафтугазӣ изҳор дошт.

Февраль 13, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст