Нашри “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” бо забони тоҷикӣ

Февраль 7, 2013 17:10

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии нашрияи “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” баргузор гардид. Бояд гуфт, ки ба наздикӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ нашрияи “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” бо забони тоҷикӣ нашр гардид, ки он дар бораи беҳгардонии таҷрибаи ғизодиҳии кӯдакони хурдсол маълумот медиҳад. “Далелҳо барои ҳаёт” — нашрияи машҳури ҷаҳон аст, ки ба волидайн, парасторон ва ҷамоатҳо маълумоти муҳими бо натиҷаҳои илмӣ асосёфтаро баҳри тандурустӣ, нигоҳубин, рушд ва наҷотбахшии кӯдакон пешниҳод менамояд. Сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев гуфт: “Маълумоти муҳим ва фаҳмои ин нашрия ба беҳгардонии дониши волидайн ва оилаҳо оид ба таваҷҷуҳ ба кӯдакон, додани шири модар, ғизои иловагӣ ва норасоии йод равона гардидааст”.Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси ЮНИСЕФ нашрияи “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” бо теъдоди 5000 нусха нашр шуд ва он ба марказҳои саломатии саросари мамлакат дастрас мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 7, 2013 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст