Нашри дуюми асари таҳлилии «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон»
Душанбе, 28 феврал (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахти ҷумҳурӣ нашри дуюми иловадори китоби нави таҳлилии нависандаи шинохтаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ ва мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» бо забони тоҷикӣ ба хонандагон эҳдо гардид. ([attachment=10] [attachment=11]). Муаллифон нашри дуюми асарро ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бахшидаанд. Дар китоб фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешбару роҳнамои миллат, меъмори сулҳу субот дар кишвар ва рушди устувори он, густаришдиҳандаи худшиносии миллӣ ва бунёдгузори артиши миллии Тоҷикистон бо такя ба далелу маводи фаровон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст.Ин асар, ки 512 саҳифа ва суратҳои рангаи таърихӣ дорад, ба хонанда имкон медиҳад, ки бо ҷанбаҳои муҳими таърихи навтарини сиёсии кишвар – пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз дидгоҳи илмию сиёсӣ ошноӣ пайдо намояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






