Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ муътадиланд
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 2,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,1 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз қабили, гардиши савдои чакана — 12,2 фоиз, хизматрасонӣ — 9,4 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 6,3 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ — 5,0 фоиз ба қайд гирифта шуд. Сатҳи таваррум дар ин давра раванди муътадилро нигоҳ дошта, 0,5 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ ҳамагӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур дар маҷмуъ аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 1,7 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,4 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,2 фоиз ба миён омад. Ҳамзамон сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ кам мебошад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони БМТ дар моҳи январи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 0,16 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,33 банди фоизӣ кам мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






