Нозирони тоҷик озими Ереван мешаванд
Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Арманистон мушоҳида менамоянд. Абдуманнон Додоев-роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» итилоъ дод, ки нозирони тоҷик- Саидбой Зокиров –муовини раиси КМИР ва Нурулло Маҳмадуллоев- аъзои КМИР 16 феврал озими Ереван гардида, дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни баргузории чорабинии муҳими сиёсии Арманистон-интихоботи президентиро мушоҳида мекунанд. Ҳамзамон Саиди Ёқубзод- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология ҳам ба Арманистон ба ҳайси нозир сафар мекунад. Мавсуф ба ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил аст. Интихоботи президентӣ дар Арманистон 18 феврал баргузор гардида, дар он 8 номзад ҷиҳати ноил гардидан ба мансаби Президенти Арманистон рақобат менамоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






