Оғози бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн мекунад, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳидоят намуд.Аз субҳи барвақт дар мавзеи бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мутахассисони варзидаи боғпарвар шумораи зиёди дарахтони нодиру камёфти калонҷуссаи ороишию сояафкан шинонда шуд.Тавре аён гардид, боғи навбунёди Наврӯзгоҳ дар майдони зиёда аз 10 гектари саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт доман паҳн менамояд. Дар боғи нави Наврӯзгоҳ, асосан дарахтони бисёрсолаи магнолияи ҳамешасабз, магнолияи бунафш, кастона ё худ каштан, булут, шоҳбулут, фарки сурхбарг ва пихтаю дигар навъҳои беҳтарини ниҳолҳои сӯзанбарг шинонда мешаванд. Тибқи нақша боғи Наврӯзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кӯдакон ва ғайра иборат хоҳад буд.Боғи нави Наврӯзгоҳ аз тариқи роҳравҳои ду ҷониби ин шаршараи зебо бо боғи Нишони давлатии Тоҷикистон пайваст шуда, ба ансамбли биноҳо ва боғу майдониҳои маркази шаҳри Душанбе, ки аз Китохонаи миллӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ, боғу майдони Парчамии давлатии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва биноҳои дигари маъмурию фарҳангӣ иборат аст, ҳусни тоза зам менамояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






