Озмун барои соҳиб шудан ба квотаҳои таҳсил дар Чин

Февраль 12, 2013 16:11

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Вазорати маорифи Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба квотаҳои таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин озмун эълон кардааст.  Бино ба гуфтаи Абдусаттор Одинаев, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи кишвар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар дар солҳои 2013-2014 ҳудуди 92 квота ихтисос додааст, ки аз ин шумора 60-квота ба Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ҷудо гардида, ҳамчунин барои ба даст овардани 32 квотаи боқимонда хоҳишмандон аз дигар макотиби олӣ ва вазорату корхонаҳо метвонанд ширкат варзанд. Даври аввали озмун барои соҳиб шудан ба квотаҳо дар Вазорати маорифи Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳамчунин дар охири моҳи феврал бо довталабон масъулини сафорати Чин дар Душанбе мусоҳиба мекунанд. Довталабоне, ки ҳамаи шартҳои озмунро мегузаранд, соҳиби квотаи таҳсили яксола дар курсҳои забономўзӣ дар Чин ё имкони таҳсил дар аспирантураи ин кишварро ба даст меоранд.

Февраль 12, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст