Сафирони тозаинтихоб – хостори рушди ҳамкориҳо

Февраль 7, 2013 15:46

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозаинтихоби фавқулодда ва мухтори ҷумҳуриҳои Австрия, Шоҳигарии Норвегия, Шоҳигарии Испания, Шветсия, Мисри Араб, Салтанати Уммон, Индонезия, Ҷумҳурии Демократии Федеративии Эфиопия ва Ангола эътимоднома қабул кард.  Жоаким Аугусто де Лемуша, ки ба ҳайси аввалин сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ангола дар Тоҷикистон таъйин шудааст, пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ҷониби Ангола ҳамеша ҳавасманди густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Ба иловаи сафир дар мувофиқа бо намояндагони расмии Тоҷикистон самтҳои асосии робитаҳои ду кишвар – дар бахши кишоварзӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ мушаххас шудаанд. «Эмомалӣ Раҳмон ба мо доир ба самтҳои асосии сиёсати кишвар маълумот доданд ва ман ҳамчун сафири навинтихоб ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду кишвар ҷаҳд хоҳам кард»,- иброз дошт Жоаким Аугусто де Лемуша.  Сафири тозатаъйини Австрия Волфганг Банян аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар нимаи моҳи март Президенти Австрия бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Сафир изҳори итминон намуд, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Австрия ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.   «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезияро баррасӣ намуданд, ки ман пурра бо мавқеи эшон дар ин самт розиям»,- иброз дошт сафири тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом. Ба қавли сафир то ҳол имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки метавон дар самти густариши равобити ҷонибҳо истифода кард. Номбурда аз муштаракоти зиёди Тоҷикистону Индонезия дар самтҳои мухталиф ёдоварӣ намуда, омодагии ҷониби Индонезияро дар самти таъмини рушди минбаъдаи равобити ду кишвар иброз намуд.   Мануэл Ларротҷа Парада – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми дӯстӣ ва ҳамкории шоҳи Испанияро ироа намуд. Номбурда аз ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Ипания изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду ҷониб талош хоҳад кард. Номбурда илова намуд, ки Испания ният дорад, то ҳамкориҳои худро дар доираи СММ ва дигар созмонҳои муштарак тақвият диҳад.   Сафири тозаинтихоби Шоҳигарии Норвегия дар Тоҷикистон Оле Ёҳан Бёрной бо зикри он, ки ҳар ду кишвар дорои захоири фаровони об мебошанд, иброз намуд, ки дар ин бахш ҳамкориҳои ду ҷониб тавсеа дода мешаванд.  Бояд гуфт, ки тирамоҳи соли гузашта ҳайати парлумони Шоҳигарии Норвегия ба Душанбе ташриф оварда, доир ба масъалаи таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар бахши гидроэнергетика бо ҳайати расмии Тоҷикистон гуфтушунидҳо анҷом дода буданд.

Февраль 7, 2013 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст