Шӯрои занони КМ ТҶММ таъсис ёфт

Февраль 19, 2013 16:44

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде қабл дар Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои занони Кумитаи марказӣ ва мактабу клубҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид. Солҳои охир сафи занҳо дар бисёр корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми роҳбарикунанда ва дигар вазифаҳои масъул рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Зан чӣ дар корхонаю идора ва чӣ дар хонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазифаи бар дӯш доштаи хешро сари вақт иҷро намуда, обрӯю эътибори худро баланд бардорад. Аз ин лиҳоз, интихоби раиси Шӯрои занон дар Кумитаи марказӣ ва зерсохторҳои он бомақсад буда, дар фаъолияти созмони мудофиавии кишвар нақши босазо хоҳад гузошт. Дар ҷаласа корманди ТҶММ А. Рӯзиева якдилона раиси Шӯрои занони Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа интихоб гардида, ҳайати раёсати шӯро муайян ва нақшаҳои минбаъдаи корӣ роҳандозӣ шуданд.

Февраль 19, 2013 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст