Шўрои байнидавлатии «Радионавигатсия»
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Нимаи аввали моҳи феврали соли 2013 дар шаҳри Остона- пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии «Радионавигатсия» баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттилоъ доданд, дар кори Шўро сардори Хадамоти таъминоти радиотехникии алоқаи фурудгоҳи Душанбе Абдураҳмон Саломов иштирок намуд. Ба гуфти манбаъ, 20 сол муқаддам кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ- ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Украина ва дигарҳо Шўрои байнидавлатии «Радионавигатсия»-ро таъсис доданд. Ташкили шўрои «Радионавигатсия» имкон дод, ки иқтидори илмию техникии таъминоти радионавигатсионӣ, ки бо истифода аз системаҳои моҳворавӣ фаъолият менамояд, дар ҳудуди кишварҳои ИДМ нигоҳ дошта шавад. Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои Шўро дар кишварҳои аъзо баргузор гардида, барои солҳои баъдӣ нақшаи корӣ ва вазифаҳоро муайян менамояд. Тавре ки маълум аст, барои парвоз ба минтақаҳои гуногуни олам аз хизматрасонии кормандони радионавигатсия пурра истифода мешавад.Ба гуфти Абдураҳмон Саломов дар доираи кишварҳои аъзо Тоҷикистон мақоми хосса дошта, касбияти баланди кормандони соҳаи радионавигатсия дар ҷаласаи шўрои навбатӣ зикр шуд. Бояд гуфт, ки намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шўрои байнидавлатии «Радионавигатсия» А. Саломов бори дуюм аст, ки аз ҷониби роҳбарияти шўро бо таърифнома сарфароз гардонида мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






