Тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Саидғуфрони Абдулло зикр намуд, ки дар давоми соли 2012 аз ҷониби Думаи давлатии Федератсияи Русия як қатор қонуну қарорҳои дахлдор дар самти муҳоҷират қабул гардида, аз аввали соли 2013 мавриди амал қарор дода шуданд.Мутобиқи талаботи қонуни федералӣ аз 30 декабри соли 2012 «Оид ба дохил намудани тағйироту иловаҳо ба моддаи 26 қонуни федералӣ», «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Русия ва баромад аз Федератсия Русия» шаҳрвандони хориҷие, ки қаблан дар давраи будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Русия қонунгузории онро риоя накардаанд, воридшавии онҳо ба ин кишвар то муддати 3 сол манъ шудааст. Яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ворид шуда, дар мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия худро ба қайди муҳоҷират гузоштааст, лекин дар муддати се моҳ 90 рӯз барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ- иҷозатномаи корӣ ё патент нагирифтааст, ба истиснои ҳолатҳои табобати оҷилӣ, бемории вазнин, ё ин, ки марги хешу табори наздик, истиқоматкунандаи Федератсияи Русия, ё дар ҳолатҳои дигар вобаста ба офатҳои табиӣ, ки имконияти баромадан аз ҳудуди Федератсияи Русияро надошта бошад, бояд дар муддати 30 шабонарӯз қаламрави ин кишварро тарк кунад. Дар сурати берун нашудан аз қаламрави Федератсияи Русия, шаҳрванди хориҷӣ вайронкунандаи қонунгузории муҳоҷирати Русия ба ҳисоб меравад ва он дар махзани маълумоти умумӣ ва пеш аз ҳама дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ дарҷ мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






