Таъсиси гурӯҳи корӣ
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Ба манзури такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқобилат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» бо ибтикори Кумитаи ҳамгироии миллӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ ва мубориза бо СПИД аз ҷумлаи сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.Тавре ки аз Кумитаи ҳамгироии миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои омӯзиши ин масъала мушовири бахши масоили вируси норасоии масунияти одам, тансиҳатӣ ва рушдро ба Тоҷикистон даъват намудааст. Вазифаи асосии гурӯҳи корӣ иборат аз хулосаи таҳлилии қонун дар бораи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин меъёрҳои дигари дахлдор ва санадҳои қонунгузорӣ мебошад. Алҳол пешниҳодҳо дар мавриди ворид намудани иловаю тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






