Теъдоди муштариёни интернет меафзояд
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — То имрӯз шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон 3 миллиону 700 нафарро ташкил медиҳад.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тайи давраи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 миллиону 300 ҳазор нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба кайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти таъҷилии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаи соли 2012 даромад аз фаъолияти оператори миллии «Тоҷиктелеком» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» 123 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз моҳи январ то моҳи декабри соли 2012 беш аз 13 миллиону 200 ҳазор фармоиш барои гуфтугӯи байналмилалии телефонӣ қабул шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96, 7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи шумораи умумии фармоишот 8,7 фоиз ба кишварҳои ИДМ ва 1,2 фоизи он ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






