Телевизионҳои мустақил ҳам ба пахши рақамӣ мегузаранд?

Февраль 6, 2013 16:49

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Рўзи 9 феврал дар шаҳри Хуҷанд тақдири телевизионҳои мустақил ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ дар меҳвари гуфтугўи роҳбарони телевизион ва радиоҳои мустақили кишвар қарор мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ва мусоидати молиявии Фонди канадагии ташаббусҳои маҳаллӣ гузаронида мешавад. Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад. Муассисони он ТВ «СМТ», ТВ «Мавҷи озод» , ТВ «Регар», ТВ «Қўрғонтеппа», ҶДММ «Ориёномедиа», ТВ 5-и Конибодом ва ТВ «Симо»-и Панҷакент мебошанд. Дар айни ҳол 15 воситаи электронии ахбори мустақил узвияти Ассосиатсияро пазируфтаанд.

Февраль 6, 2013 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст