«Тента» ба «Ноҳид» маҳсулот медиҳад
Кӯлоб, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб барои бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти содиротии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар айни ҳол як корхонаи муштараки ресандагӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Тента» — и Федератсияи Русия фаъолият дорад. Дар корхонаи мазкур дар як рӯз зиёда аз 3,5 тонна нахи пахта коркард ва аз он риштаи аълосифат истеҳсол мешавад. Дар корхонаи ресандагии «Тента» — и Кӯлоб 80 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба фабрикаи кешбофии «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан ва беш аз 70 фоизи он тибқи шартнома ба Федератсияи Русия содирот мешавад. Иқтидори корхонаи ресандагӣ дар як сол 1 ҳазору 200 тонна риштаро ташкил медиҳад. Барои бо ашёи хом таъмин намудани корхона пас аз озмоиши сифати нахи пахта имрӯзҳо аз корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияҳои Ҳамадониву Восеъ ва корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тиллои сафед — Ф» — и шаҳри Кӯлоб ба фабрика ашёи хом ворид мешавад. Бо мақсади афзун кардани нишондоди истеҳсолӣ дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати «Тента» — и Федератсияи Русия роҳбарияти корхона ният доранд, ки шумораи коргаронро ба 100 нафар расонида, дар оянда дар заминаи густариши ҳамкориҳо бо ворид сохтани дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар назди фабрика коргоҳи бофандагӣ таъсис дода, минбаъд маҳсулоти тайёрро ба хориҷи кишвар содирот намоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






