Вохӯрии Абдулло Юлдошев бо Алоуддин ал-Аскарӣ

Февраль 28, 2013 10:24

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»).- 26 феврали соли 2013 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо ҷонишини вазири корҳои хориҷии Мамлакат оид ба масъалаҳои ташрифот сафир Алоуддин ал-Аскарӣ сурат гирифт. Дар суҳбат Сафири Тоҷикистон нусхаи барқияи таъзияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони Аълоҳазрат подшоҳ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд тақдим кард. Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон ва ҷонишини вазир оид ба масъалаҳои тадорукотии нишасти Анҷумани ҳамкории кишварҳои араб ва чумҳуриҳои Осиёи Миёнаю Озарбойҷон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки гузаронидани он рӯзи 13 апрел дар шаҳри Риёз пешбинӣ шудааст, табодули назар анҷом доданд. Масъалаҳои дигари тадорукотии шоистаи эҳтимоми муштарак низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Февраль 28, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст