Вусъати ҳамкориҳои ДДТТ бо муассисаҳои таълимии Афғонистон

Февраль 25, 2013 16:32

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар ДДТТ 117 нафар муҳассилини афғон дар риштаҳои мухталифи пизишкӣ таҳсил менамоянд, гуфт ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов дар вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон. У. Қурбонов ҳамзамон ба ҳузури афзояндаи муҳассилини афғон дар донишгоҳи мазкур ишора намуда, онро самараи робитаҳои неки миёни ниҳодҳои омӯзишии ду кишвар унвон кард. Инчунин вазири таҳсилоти олии Афғонистон Убайдуллои Убайд дар навбати худ саҳми ДДТТ-ро дар омода кардани мутахассисони тиббии кишвари Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, аз ҳамкориҳои мудовими Донишгоҳи тиббии Кобул ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳори қаноатмандӣ кард. Бино ба иттилои У.Убайд, ҳамасола давлати Афғонистон дар ҳадди 50 бурсияи таҳсил барои ДДТТ ҷудо намудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумори муҳассилини афғон, ки бо ҳазинаи худ ба Тоҷикистон омада ва дар ДДТТ таҳсил менамоянд, ҳамасола афзоиш меёбад. Дар охир ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз муносиботи кунунӣ миёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи тиббии Кобул дар заминаи таҳкиму такомули равобити минбаъдаи тарафайн ба тавофуқ расиданд.

Февраль 25, 2013 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст