Занон ва ноболиғон ба ҷиноятҳо камтар ҷалб шудаанд
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Соли гузашта барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир дар кишвар 946 нафар боздошт шуд, ки 33 нафари онҳо занон мебошанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2011 дар Тоҷикистон 60 нафар зан барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ҳабс шуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 43 нафар ва ё 71,7 фоизи онҳо занони аз сисола боло ва 17 нафар ё худ 28,3 фоиз аз 18 то 30—сола буданд. Тибқи омори охирин ироашуда 39 дар сади ин ҷиноятҳо аз ҷониби сокинони шаҳри Душанбе содир шудааст. 31 дар сад ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро сокинони вилояти Суғд, 18 дар садро бошандагони вилояти Хатлон содир кардаанд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 ва дар ВМКБ 3 дар сад ин навъи ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст. Таҳлили оморҳо нишон медиҳад, ки 68 дар сади ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз ҷониби афроди аз сисола боло содир шудааст. Соли гузашта 299 нафар шаҳрванди то сисола бо ин гуна ҷиноятҳо боздошт шудаанд. Ҳамчунин 1 ноболиғ низ ба ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шудааст. Маврид ба таъкид аст, ки соли 2011 ҳашт нафар ноболиғ барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Чор нафари онҳо дар вилояти Суғд, ду нафар дар шаҳри Душанбе ва якнафарӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода боздошт шуданд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






