Зиёрати оромгоҳи пирони тариқат

Февраль 18, 2013 13:59

Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳонаш зимни сафар дар шаҳри Қунияи Туркия оромгоҳи шоирон ва мутафаккиронии бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезиро зиёрат намуда, ба руҳи пирони тариқат дуою фотиҳа карданд. Зимни сафар ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Қунияи Туркия ҳамзамон аз Осорхона ва дигар қадамгоҳҳои мутафаккири бузурги Машриқзамин Мавлоно боздид намуданд. Маъмурияти оромгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ду ҷилди тозанашри китоби «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румиро тақдим намуд.Инчунин Шукурҷон Зуҳуров аз донишгоҳи байналмилалии ба номи Мавлавии шаҳри Қуния боздид намуда, бо ҳайати устодони донишгоҳ мулоқот анҷом дод.

Февраль 18, 2013 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст