Қирғизистон Наврӯз дорад

Март 27, 2013 16:44

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, Иттиҳодияи ҷамъиятии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Қирғизистон ва ҳамватанони дигари сокини ин кишвар бахшида ба иди Наврӯз маҷлиси ботантана баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони парлумон — Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарони вазорату идораҳо, Иттифоқи ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҳамкории Қирғизистон бо кишварҳои хориҷӣ, Ҷамъияти дӯстии Қирғизистону Тоҷикистон, Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ва баъзе гурӯҳҳои этникии ҷумҳурӣ, сиёсатмадорон ва ходимони намоёни аҳли ҷамъияти Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат доштанд. Дар ҷамъомад сафирони давлатҳои хориҷӣ, ходимони намоёни сиёсию ҷамъиятии Қирғизистон баргузории ин чорабиниро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарият ва халқи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карданд.

Март 27, 2013 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст