Ҳ. Фишер омодагии кишварашро бобати ҳамкории судманд баён кард

Март 13, 2013 16:33

Душанбе, 13 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова».- «Ташрифи расмии Шумо ба сарзамини Тоҷикистон дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврўз фоли нек буда, умедворем, ки он дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия нақши муассир хоҳад гузошт», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон бо Ҳайнтс Фишер –Президенти Австрия, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад. Шукурҷон Зуҳуров ба меҳмони олиқадр ва ҳамроҳонаш доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, захираҳои обию энергетикӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсӣ, озодии сухан ва виҷдон, баробарии ҳуқуқҳои зану мард ва дигар дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар зарфи беш аз 20 соли соҳибихтиёриаш ба даст овардааст, ибрози назар намуд. — «Имрўз ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Австрия дар сатҳи сифатан нав ҷараён доранд, бахусус ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро қаноатбахш арзёбӣ кардан ҷоиз аст», афзуд раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон. «Умедворем, ки чунин равобит байни парлумонҳои ҳар ду кишвар вуҷуд дошта бошад, зеро таҷрибаи ғании қонунгузорӣ дар Шӯрои Федералии Бундесрати Австрия барои Парламенти ҷавони Тоҷикистон ҷойи омӯзиш аст», таъкид намуд Ш. Зуҳуров. Мавсуф зикр кард, ки таъсиси гуруҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар ҳар ду кишвар имкон доранд дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар нақши бориз дошта бошанд. Зикр гардид, ки муносибатҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия ҳамчун муколамаи созанда арзёбӣ мешаванд, ки дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳо ва роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ муайян шудаанд. Шукурҷон Зуҳуров аз сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия, ки моҳи июни соли 2011 сурат гирифта буд, ёдовар шуда, натиҷаашро судманд маънидод намуд. Мавсуф дар анҷоми мулоқоташ бо Президенти Австрия Ҳайнтс Фишер барои пуштибонӣ аз ташаббусҳои судбахши байналмиллалии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои стратегии кишвар дар самти рушди гидроэнергетика дар минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос намуд. Ҳайнтс Фишер — Президенти Австрия изҳор дошт, ки кишвараш чун Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обию энергетикист. «Австрия омодааст дар тамоми бахшҳои барои ҳар ду кишвар судманд бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд», таъкид кард Ҳайнтс Фишер.   Дар маҷмуъ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, савдо, илму фарҳанг ва техника, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид намуданд. 

Март 13, 2013 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид