Ҳодисаи нохуш дар истгоҳи метрои Маскав

Март 11, 2013 09:09

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 9 марти соли равон дар натиҷаи ҳамлаи шахси номаълум дар назди истгоҳи метрои «Теплый стан»- и шаҳри Маскав 6 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.   Кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР муайян карданд, ки инҳо муҳоҷирони меҳнатӣ Назришо Шеров, соли таваллуд 1983, зодаи н.Ванҷ, Жоғараков Ҷӯрабек, с.т.1975, зодаи н.Ванҷ, Некқадамов Манучеҳр, с.т.1988, зодаи н. Шуғнон, Ғафуров Мустафо, с.т. 1992, зодаи шаҳри Норак ва Мисқолов Рустам, с.т.1987, зодаи шаҳри Норак мебошанд. Шахсияти нафари дигар муайян карда мешавад. Кормандони Намояндагӣ то ин дам аз вазъи саломатии 4 нафар, ки дар беморхонаҳои №7 ва №64 шаҳрӣ аллакай ба онҳо ёрии аввалия расонида шудааст, хабардор шуданд. Вазъи саломатии онҳо хуб аст. Зимни суҳбат яке аз ҷабрдидагон Мустафо Ғафуров ба корманди Намояндагӣ гуфт, ки шахси номаълум бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан ба ӯ зарба задааст. Захми расида ба ҳаёти ӯ хатар надорад. Ду нафари дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Маскав қарор дорад. Хабар дода мешавад, ки осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии шаҳри Маскав ба сифати сохтмончӣ кор мекардаанд.Аз рӯи ҳодиса аз ҷониби ШКД ноҳияи Ясенево парвандаи ҷиной боз шуда, тафтишот идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР хабар дод.

Март 11, 2013 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст