Ҷамоати Сағирдашт рушд меёбад

Март 20, 2013 15:42

Хоруғ, 20 март.(АМИТ «Ховар», Ҷангибек Улфатшоев). — Ҳафтаи гузашта гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ноҳияҳо сафари корӣ анҷом дода, вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дар ноҳияҳо омӯхтанд. Омӯзиш муайян намуд, ки дар ноҳияҳо пешравиҳои чашмгир ба мушоҳида мерасанд. Мисоли равшан ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз маҳсуб меёбад. Ҷамоати деҳоти Сағирдашт дар ноҳия калонтарин буда, дорои 17 деҳа ва 723 хоҷагӣ мебошад. То 1 январи соли 2013 дар ҷамоат 5098 нафар иқомат доранд. Тибқи барнома дар маркази ҷамоат сехи хурди коркарди пашм ба истифода дода шуд, ки дар он 5 нафар кор мекунанд. Дар ҷамоат 29 нуқтаи хизматрасонии маишӣ фаъолият дорад.  Шуғли асосии сокинони ҷамоат истеҳсоли маҳсулоти кишоварзист. Соли 2012 дар ин ҷо 31045 сентнер ғалладона, 26 199 сентнер картошка, 1440 сентнер сабзавот ва 1267 сентнер мева истеҳсол гардид, ки ин ба ҳар сари аҳолии деҳот 5, 67 сентнер ғалладона, 5, 13 сентнер картошка, 0, 3 сентнер сабзавот ва 0, 25 сентнер мева рост меояд. Соли 2011 Муассисаи давлатии роҳҳои мошингарди ҷамоати деҳот ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ кӯпрукро барқарор намуд. Барои васеъ намудани роҳи мошингарди Дударгӣ — Сағирдашт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 16 ҳазор сомонӣ маблағ истифода гардид. Соли 2009 беморхонаи минтақавии Сағирдашт аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки барои ин кор аз буҷаи маҳаллӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Март 20, 2013 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст