Ҷашни Наврӯзӣ дар вилояти Ҷанбули Қазоқистон

Март 19, 2013 16:08

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бахшида ба фарорасии иди Наврӯз дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ки шумораи зиёди муҳоҷирони Тоҷикистон берун аз мамлакат низ ин ҷашни пурарзишро бо тамоми расму ойини миллӣ таҷлил менамоянд. Раиси ташкилоти маданияти қадимаи тоҷикон дар вилояти Ҷанбули Ҷумҳурии Қазоқистон Маҳкам Орифов гуфт, мо тоҷикони қадимаи вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон хеле хурсанд ҳастем, ки иди Наврӯз ба иди байналмилалии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Маданияти қадимаи тоҷикон дар шаҳри таърихии Тарази Қазоқистон вуҷуд дорад ва мо бо ҳамроҳии ҷамъият ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо дастгирии сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Баҳром Холназаров иди Наврӯзро якҷоя ҷашн мегирем. Дар иди Наврӯз мӯйсафедон, модарон, хоҳарон, бародарон ва хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ бо либосҳои миллӣ ҷамъ омада, таомҳои миллӣ мепазанд, бо чангу наво, дойраву най, карнай, таблак ва дигар асбобҳои мусиқӣ меҳмононро пешвоз мегиранд. Дар ин ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Қазоқистон зиёда аз 130 миллат иштирок мекунад, ки ин нишонаи дӯстии ду кишвари Осиёи миёна- Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошад.

Март 19, 2013 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст