Ҷашни Наврӯз дар Вашингтон

Март 19, 2013 17:11

Душанбе, 19 марта (АМИТ «Ховар»).- 16 марти соли 2013 дар толори «The Andrew W. Mellon Auditorium» дар шаҳри Вашингтон бо иштироки намояндагони воломақоми Ҳукумати ШМА, намояндагони Конгресс, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонон маросими ҷашни Наврӯз барпо гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии Комиссияи Наврӯз (The Nowruz Commission) ва cафоратҳои кишварҳои ҷашнгири Наврӯз (Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Гурҷистон, Афғонистон) баргузор шуд.  Дар ҷашнвора, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ташкил шуда буд, гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон бо нигораҳои фарҳангӣ (сӯзаниҳо, либосҳои миллӣ, намудҳои сангҳо, зарфҳои сафолӣ, аксҳо, китобҳо) мавриди таваҷҷӯҳи тамошобинон қарор дошт. Президенти Комиссияи Наврӯз ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфта, роҷеъ ба иқдомҳои Комиссияи мазкур дар соли сипаригашта маълумот дод. Зимни чорабинӣ навори махсус оид ба натиҷаи сафари ҳайати Комиссияи Наврӯз ба Лондон, Тиблиси, Боку ва Душанбе (10-11 марти соли 2012) намоиш дода шуд. Қисмати зиёди навори мазкур бахшида ба сафари аъзои Комиссияи Наврӯз ба Тоҷикистон буд. Дар навори зикргардида, акси нусхаи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз ба унвони иштирокчиёни чорабинии мазкур, ки моҳи марти соли 2012 ирсол гардида буд, намоиш дода шуд. Носир Каземинӣ – Раиси Шӯрои директорони Комиссияи Наврӯз зимни баромади табрикии худ ба ҳозирин оид ба таърихи Наврӯз ва иқдомҳои башардӯстонаи Комиссияи мазкур маълумот дод. Комиссияи Наврӯз созмони гуногунфарҳанги ғайри тиҷоратӣ (non-for-profit) буда, барои муаррифии ҳамаҷонибаи Иди Наврӯз фаъолият менамояд. Дар чорабинӣ гурӯҳҳои ҳунарӣ баромад намуданд ва зиёфати расмӣ барпо гардид. 17 марти соли 2013 дар толори «The Washington Post» дар шаҳри Вашингтон чорабинии идонаи муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тољикистон дар ШМА ва Ҷамъияти тоҷикистониёни Америка, Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Америка (TACA) бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳамватанон ва меҳмонони муқими ШМА барпо гардид. Дар чорабинӣ тоҷикистониён аз штатҳои мухталифи ШМА иштирок намуда, дар барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуданд. Зимни чорабинии номбурда бо кӯшиши Сафорати ҶТ дар ШМА гӯшаи махсуси фарҳангӣ-этнографӣ барои иштирокчиён ва меҳмонони америкоӣ ташкил карда шуд. Сипас намоиши созу наво ва рақсҳои миллии тоҷикӣ баргузор гардид ва ба иштирокчиён таъомҳо ва шириниҳои миллӣ манзур карда шуд. Намояндаи Сафорат ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфт. Дар навбати худ, Президенти Ҷамъияти тоҷикистониёни ШМА ва Президенти Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Америка иштирокчиёни маҳфилро ба муносибати Иди Наврӯз низ табрик гуфта, ба онҳо барои ширкати фаъол дар чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Март 19, 2013 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст