Ҷопон рушди кишоварзиро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҷумҳурии Ҷопон дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи кишоварзиро барои тоза кардани каналҳои обёрӣ ва заҳбурҳо ба хоҷагии деҳқонии ноҳияи Зафаробод дастрас менамояд. 27 марти соли 2013 Хироюки Имаҳашӣ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Зафаробод роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарор намудани каналҳои обёрии ноҳияи Зафаробод» ба маблағи 122,049 доллари ИМА созишномаи грантиро ба имзо расониданд. Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Зафаробод соҳаи калидист. Каналҳои ноҳия даҳҳо сол пеш бунёд гаштаанд ва истифодаи дароз муддат онҳоро заиф гардонида, ҳосилнокии заминҳои деҳқониро дар ноҳияи мазкур нисбатан паст намудааст. Яке аз сабабҳои пастшавии ҳосилнокии заминҳо- ин аз лой пур шудани каналҳо ва заҳбурҳои хоҷагиҳои деҳқонист. Лой садди роҳи ҷараёни оби каналҳо гардида, фаъолияти пойгоҳи обкаширо ҳам халалдор месозад. Норасоии об ҳамчунин ба баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯршавии заминҳои обӣ оварда, 7000 га замин то ҳол корношоям гардидааст.. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Истиқлол”-и ноҳияи Зафаробод бо экскаватор, як адад трактор ва як адад ядак, ки барои кашидани лой аз каналҳо ва заҳбурҳо кўмак мекунад, таъмин мегардад. Бо тарзи дуруст ва сари вақт тоза кардани каналҳои обёрӣ сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯрнокии заминҳо паст шуда, ҳосилнокии заминҳои деҳқонӣ беҳтар мегардад.Рушди соҳаи кишоварзӣ, бешубҳа шароити иқтисодии деҳқонон ва аҳолиро дар ҷомеаҳои маҳаллӣ беҳтар намуда, ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳоро таҳким мебахшад. Ҳукумати Ҷопон барои вусъати зиндагии мардуми Тоҷикистон ва таҳкими ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳо дар ҷомеа дастгирии худро идома медиҳад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






