Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд назаррас аст

Март 1, 2013 15:11

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар моҳи аввали соли равон бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд шудааст.  Аз ҷумла, 2 млрд. 248,7 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 3 млрд. 244,6 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд. Таркиби бақияи қарзҳо аз 64 фоиз (ё 3 518,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36 фоиз (ё 1 974,9 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 401,8 млн. сомонӣ (ё 12,9 фоиз) ва 253,5 млн. сомонӣ (ё 14,7 фоиз) афзуданд. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳи январи соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 25,97 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,99 фоизи солонаро ташкил намуд. Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳодшуда дар ин давра назаррас буда, нисбат ба моҳи январи соли гузашта 56,1 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб 62,9 млн. сомонии он ҳамчун қарзи хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 53,4 фоиз зиёд мебошад.

Март 1, 2013 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст