Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Март 28, 2013 16:41

Душанбе, 28 март.(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – ҶММ «Равзанапластик» ба истеҳсоли профилҳои пластмассӣ шуруъ намудааст, ки иқтидори корхона коркарди 3 ҳазор тонна пластмасса дар як сол аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида дар он 7 намуд профил бо тамғаи «Манзил» ва дар ҶДММ «Тоҷпласт» истеҳсоли қубурҳои пластмассии дорои диаметри аз 20 то 500 мм ва дар ҶДММ «Суғд пласт» истеҳсоли профилҳои пластмассӣ ба истифода дода шудаанд.  Маврид ба зикр аст, ки дар айни замон дар кишвар 14 корхонаи истеҳсоли маснуоти пластмассӣ мавҷуд буда, дар онҳо намудҳои гуногуни маснуоти пластмассӣ истеҳсол мешаванд. Соли 2012 корхонаҳои соҳа ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маснуот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Март 28, 2013 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст