Аз Афғонистон 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан истирдод шудаанд
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдоди маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо дар кишвари худ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 10 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан истирдод шуданд. Дар ин бора зимни як нишасти хабарӣ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев 11 март хабар дод.Ба гуфти Д.Назриев дар айни замон дар маҳбасхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 9 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ҷазои худро адо мекунанд, ки аз онҳо 6 нафар дар маҳбасхонаи «Пули чархӣ» ва 3 нафар дар маҳбасхонаи Қундуз нигоҳ дошта мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






