Баргузории семинар оид ба мавзӯи нашриёти тақризшаванда
Душанбе, 11 март. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз олимони пажуҳишгар дар семинаре, ки оид ба мавзӯи нашриёти тақризшаванда, аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, иштирок намуданд. Семинари мазкур якумин чорабинӣ аз силсилаи семинарҳое мебошад, ки ба усулҳои навиштани мақолаҳои илмии бобарор аз нуқтаи назари пажуҳишгар, муҳаррири маҷалла ва муқарриз равшанӣ меандозад. Дар семинар намунаҳои воқеии раванди нашриётӣ истифода ва барои беҳтар намудани малакаҳои навиштани мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ ба забони англисӣ стратегияҳо пешкаш шуданд.Семинарҳоро Барномаи китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон (КИВ), ки аз ҷониби Маъмурияти миллӣ оид ба бехатарии ҳастаии назди Вазорати энергетикаи ИМА (DOE/NNSA) сарпарастӣ мешавад, ташкил мекунад ва CRDF Global онро мегузаронад. Илова ба семинарҳои нашриёти тақризшаванда, Барномаи китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон 6-7 март дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб семинарҳо гузаронидааст, то таҳқиқотчиёнро бо торнамои КИВ (www.TajikistanVSL.org) шинос намояд. Торнамои мазкур дастрасии беш аз 12,000 маҷаллаи ноширони бузург ва хазинаҳои машҳури байналмиллалии илмию таҳқиқотиро муттаҳид менамояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






