Баррасии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Покистон

Март 1, 2013 16:13

Душанбе, 1 март (АМИТ «Ховар»).- 27 феврали соли 2013 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Покистон ва доираҳои тадқиқотии он брифинг оид ба мавзӯи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкориҳо дар соҳаи об (августи соли 2013 дар ш. Душанбе) баргузор гардид. Дар брифинг Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об (августи соли 2013 дар ш. Душанбе) муфассал хабар дод.  Диққати ҳозирин ба он равона гардид, ки маҳз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ 20 декабри соли 2010 қатънома қабул намуд, ки тибқи он соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон гардид. Ш. Ҷононов изҳори боварӣ намуд, ки дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкориҳо дар соҳаи об намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмии Покистон, аз ҷумла, воситаҳои ахбори умуми ин кишвар фаъолона ширкат хоҳанд варзид.

Март 1, 2013 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст