Баррасии татбиқи НОКА дар Душанбе

Март 26, 2013 11:23

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27-уми марти соли ҷорӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конфронси минтақавӣ оид ба татбиқи Нармафзорҳои Озод ва Кушодаасос (НОКА) баргузор мегардад. Ин конфронс бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ва зери сарпарастии Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Дар кори Конфронси минтақавӣ иштироки коршиносони НОКА аз минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 26 март дар чор синфхонаи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе корбарон ва коршиносони ватанӣ ва минтақавии соҳаи ТИК таҷрибаи худро оид ба татбиқи НОКА дар соҳаҳои гуногун намоиш медиҳанд.

Март 26, 2013 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст