«Бонуи Баҳор 2013» муайян гардид

Март 6, 2013 15:04

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили «Рӯзи Модар» ҷамъомади идона баргузор гардид.  Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бонувонро ба муносибати фарорасии фасли баҳор, мавсими фараҳу сурур, «Рӯзи Модар» муборакбод намуда, зикр кард, ки бонувони соҳибмаърифату боматонати тоҷик бо меҳнати фидокоронаву созанда дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ватани барои ҳамаи мо маҳбуб саҳми босазо мегузоранд. Аз ҷумла, саъю талошварзиҳои бонувони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода, бахусус рушди соҳаҳои энергетика ва саноат назаррас арзёбӣ гардид.Барои меҳнати шоиста ва саҳми арзанда дар соҳаҳои энергетика ва саноат бонувон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.Дар қисмати дуюми ҷамъомад бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар» озмуни «Бонуи баҳор-2013» баргузор гардид. Занону духтарон дар озмун маҳорати худро дар бахшҳои гуногун нишон доданд. Дар озмун ҷоизаҳо дар бахшҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Бонуи зеботарин», «Мутахассиси беҳтарин», «Модари беҳтарин», «Бонуи соҳибмаърифат» ва «Бонуи баҳор- 2013» муайян гардида, ба ғолибони ҳар бахш туҳфаҳо супорида шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 6, 2013 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст