Бозпас гирифтани 18 ҳазор маводи дорувории пастсифат аз муомилот
Кӯлоб, 5 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ ва назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ фаъолият карда, назорати истифодаи мақсадноки маводи доруворӣ, инчунин ба дорухонаҳо ворид шудани дорувориҳои гуногунро зери назорати қатъӣ гирифтааст. Дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб 208 дорухона фаъолият дошта, аҳолии шаҳру ноҳияҳоро бо доруворӣ таъмин менамояд. Ба гуфтаи манбаъ аз тарафи мутахассисони намояндагӣ мувофиқи нақшаи корӣ дар давоми соли ҷорӣ 118 дорухона, 9 беморхона, 58 нуқтаи фурӯши маводи ороишӣ санҷида шуда, дар натиҷа 273 адад маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта, 153 адад маводи дорувории бе сертификат, дар маҷмуъ 18 ҳазору 74 адад дорувор, ки маблағи умумиашон 4 миллиону 968 ҳазору 126 сомониро дар бар мегирад, дар асоси санад аз муомилот бозпас гирифта шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






