Дар Суғд зиёда аз 12 кг маводи мухаддир мусодира шуд

Март 18, 2013 11:40

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»).- Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Мирзоев Мирзоқодир Мирзоҳобилович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Мастчоҳ, мудири хазинаи филиали «Тоҷпромбонк»-и ноҳияи Мастчоҳ дастгир шуд. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 12 килою 702 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Март 18, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст