Дипломи тиллоӣ ба «МегаФон»

Март 16, 2013 10:24

Душанбе, 16 март (АМИТ «Ховар»).-15 марти соли 2013. Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба муносибати 10-умин солгарди фаъолияти Ассосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ ба ширкати «МегаФон» Дипломи тиллоӣ супорид. «Тоҷикистон – кишвари дорои релефи мураккаб буда, 93% ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо фаро гирифтаанд. Ин омилҳо дар роҳи таъсиси иртиботи босифати мобилӣ мушкилиҳои иловагиро пеш меоранд, — изҳор дошт раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Зайд Саидов. – Бо вуҷуди ин, баъд аз анҷоми сафарҳои сершумор ба кишварҳои зиёди ҷаҳон банда метавонам сифати хизматрасониҳои иртиботи мобилиро муқоиса бикунам ва бо итминон бигўям, ки дар кишвари мо хизматрасониҳои иртиботи мобилӣ дар сатҳи хуб қарор доранд». «Дипломи мазкур – баҳои баланд бар фаъолияти мо дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб меравад, — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский. Танҳо дар соли гузашта мо беш аз 500 истгоҳи нави иртиботи бесими 2G ва 3G-ро ба кор даровардем. Дар ҳоли ҳозир муштариёни ширкатро бо алоқаи боэътимод беш аз 2 000 ИИБ, ки 170-тои онҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар қарор доранд, таъмин мекунанд. Мутмаинам, ки бо шарофати сохтмони бузурги шабака, васеъшавии доираи хизматрасониҳо ва беҳтар гаштани сифати хизматгузорӣ барои муштариён кишвари мо имкон пайдо мекунад, ки аз рӯйи сатҳи рушди технологияҳои мобилӣ бо давлатҳои пешсафи ҷаҳон баробар шавад».

Март 16, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст