Кӯмаки “Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ

Март 18, 2013 10:19

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекева). — Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» чун сарпарасти ҳамешагии мактаб -парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1 ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай иқдоми Сарвари давлат- дастгирии ятимону бепарасторон ва хайру зҳсонкорӣ ба ниёзмандонро хеле хуб ба роҳ мондааст.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, ки ин навбат низ бо пайравӣ ба анъанаи накӯи наврӯзӣ ва пос доштани анъанаҳои ин ҷашни аҷдодӣ ба ин мактаб -парваришгоҳ, ки дар он беш аз 1346 нафар муҳассил таълиму тарбия мегирад, ки аз ин 266 нафараш бепарастор мебошад, ба маблағи беш аз 14000 сомонӣ молу маҳсулоти зарурӣ кӯмак расонида шуд. Кӯмаки хайрия, аз маводи гуногуни хӯрокӣ ва 6 мошинаи дарздӯзиву 2 телевизор иборат буд. Лозим ба ёдоварист, ки сарпарастии ин муассисаро «Амонатбонк» бо амри Президенти кишвар аз 1-уми августи соли 2007-ум ба уҳда дорад ва барои тарбиятгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ хамеша дасти ёрӣ дароз намуда, ҳамаи мушкилоти ин муаасисаи таълимӣ ва муҳассилини онро сари вақт бартараф менамояд. Бояд зикр намуд, ки дар соли ҷорӣ ин аллакай бори дуввум аст, ки аз тарафи «Амонатбонк» ба ин муассисаи давлатӣ кӯмак расонида мешавад. Кӯмаки аввалаи бонк маблағи беш аз 31 ҳазор сомониро дар бар мегирифт.

Март 18, 2013 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст