Конфронси таҳкимбахши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»). – 5 апрел дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ дар мавзӯи «Муносибатҳои нав ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон баргузор мегардад. Мақсад аз конфронс таҳлили рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар марҳилаи нави ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тағйири вазъи иқтисодиёт ва дидани чораҳо ба манзури рушду тақвият бахшидани он, ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба мебошад. Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ, муайян намудани механизмҳои судманди истифодаи захираҳо ва масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди соҳаҳои анъанавии иқтисодиёт, аз қабили гидроэнергетика, телекоммуникатсия ва ҳамкории дигари гуманитарию фарҳангӣ мавзӯъҳои асосии конфронс мегарданд. Дар конфронс намояндагони мақомоти федералию минтақавии ҳокимияти давлатии Тоҷикистону Русия, аҳли тиҷорат, созмонҳои ҷамъиятию илмӣ, коршиносон ва васоити ахбори омма иштирок менамоянд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






