Кўмаки ДМТ ба хона-парваришгоҳи Ҳисор

Март 18, 2013 11:07

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хона — парваришгоҳи низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор кўмаки моддӣ расонид. Раиси иттифоқи касабаи устодону кормандони ин донишгоҳ Тоҷиддин Раҷабов дар ин бора ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода афзуд, ки кўмаки онҳо аз маводи ғизоие ба мисли орду равған, биринҷ ва сабзавоту меваҷот иборат буда, малбағи умумии он 7,5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳамчунин ректори ДМТ Маҳмаюсуф Имомов дар маросими супоридани ин кўмакҳо зикр намуд, ки донишгоҳ дар оянда низ хонандагони ин мактаб-парваришгоҳро пайваста дастгирӣ намуда ва ҳар сол чанд нафар аз мураббияҳои ин даргоҳро ройгон ба таҳсил дар Донишгоҳи миллӣ фаро хоҳад гирифт,- афзуд Тоҷиддин Раҷабов.

Март 18, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст