М. Убайдуллоев: “Назорати прокурориро пурзӯр намудан зарур аст”
Душанбе, 1 март(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ — Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи прокурори генералӣ Шерхон Салимзода Одинаро зимни ҳисобот дар Парлумони мамлакат ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ нигаронид. Мавсуф зикр кард, ки дар доираи салоҳияти худ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурориро аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқи кишвар, хусусан кормандони прокуратура ва кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ, соҳибкорию хизматрасонӣ оид ба роҳандозии фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ба таври қатъӣ пурзўр намояд. Бояд тазаккур дод, ки Прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар назди аъзои палатаи болои Парлумони Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» дар иҷлосияи сендаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳисобот дод. Аъзои палатаи болоии парлумони кишвар ҳисоботи прокурори генералии мамлакатро ба инобат гирифта, барои тақвияти фаъолияти минбаъдаи мақомоти прокуратура таъкид намуданд, ки дар ин замина тақвияти назорати прокурорӣ ва сари вақт эътирози воқеӣ овардан ба қонунпоймолкуниҳои субъектҳои ҳуқуқӣ, санадҳои ғайриқонунии қабулкардаи роҳбарони мақомоти марбутаи давлатӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ ногузир аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар мавриди истифодаи замин, сохтмону меъморӣ, ҳифзи меҳнат, аз байн бурдани қарздорӣ аз музди меҳнат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, риояи ҳолати санитарию экологӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ, хусусан таҳқиқу кушодани ҷиноятҳои худкушиву зӯроварӣ дар муассисаҳои ислоҳию меҳнатӣ ва қисмҳои низомӣ, муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуб бо тақозои замон ногузир аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






