Мулоқоти cафири Тоҷикистон бо валиаҳди Давлати Кувайт

Март 7, 2013 09:31

Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода.)-Мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ 4 март доир гардид. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, зимни суҳбат валиаҳди Давлати Кувайт ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар кишвари худ рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард.  Ӯ инчунин изҳор дошт, ки Кувайт ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон омодааст ва кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то дастуру супоришҳои сарони ду давлат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба татбиқ гарданд . Зубайдулло Зубайдов ба Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барои таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки инкишофи муносибатҳо бо Кувайт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Ҷонибҳо ҳангоми суҳбат инчунин роҷеъ ба нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 29 марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, табодули назар карданд.

Март 7, 2013 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст