Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро “намунаи хуби ҳамкории созандаи минтақавӣ” номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд робитаҳои дӯстонаи ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд.Ерлан Идрисов ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созмони ҷаҳонии савдо ва дар шаҳри Душанбе баргузор шудани ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугйи Осиё доир ба ҳамкориро нишонаи возеҳи болоравии обурӯю нуфузи ҷаҳонии кишвари мо номида, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо дастовардҳои муҳими глобалӣ таҳният гуфт.Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2012 ба зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 150% афзудааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод хеле зиёд аст.Барои ин фаъолияти бештари мақомоти муштараки ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, зарур шумурда шуд.Ба роҳ мондани ҳамкории созанда доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва минтақа низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.Гуфтугӯи судманд доир ба беҳсозии фазои ҳуқуқӣ барои кор ва будубоши бемонеаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамчунин доир ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






