Мулоқоти Н.Абдуллоев бо сафири Озарбойҷон
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар»). – 11 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ва Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масоили ҳамкории миёни Озарбойҷону Тоҷикистон дар бахши фаъолияти судӣ ва рушди муносибатҳои байни сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Аббосалӣ Ҳасанов аҳамияти рушду густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи ниҳодҳои судии ҳар ду мамлакатро қайд намуд. Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти соли гузашта ба Озарбойҷон ташриф овардани Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид. Сафир қайд намуд, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр масъалаҳои муҳим баррасӣ ва ҳал шуданд. Баъди пайдо намудани истиқлолият дар Озарбойҷон ислоҳоти судӣ рӯи кор оварда шуд, ки мақсад аз он ба сатҳи боз ҳам баландтар бардоштани фаъолияти он мебошад. Табиист, ки Тоҷикистон дар ин росто таҷрибаи зиёде андӯхтааст.Нусратулло Абдуллоев дар навбати худ аз дастовардҳои фаъолияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






