Нафақа дар Муъминобод дастрас аст
Муъминобод, 19 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини Агентии давлатии иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Муъминобод ба нафақагирон ва маъюбони ноҳия хизмати арзанда мекунанд.Дар ноҳия беш аз 6105 нафақагир буда, аз ин шумора 3287 нафар нафақаи пиронсолӣ ва 2062 нафар нафақаи маъюбӣ мегиранд ва талаботи нафақа дар ду моҳи соли ҷорӣ 2 млн. 215 ҳазору 700 сомониро дар бар мегирад. Дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ ба раёсат 93 ариза барои таъйини нафақа, 39 маълумотномаи музди меҳнат барои тасдиқ, инчунин беш аз 346 арзу шикоят ворид гаштааст, ки аз тарафи кормандони раёсат пурра ҳалли худро ёфт. Мавриди зикр аст, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони раёсат 83 санҷиш оид ба ҳисоби дурусти хароҷот аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 5282 сомонӣ ворид шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






