Наврӯз олиҳаи ҳусни сол аст!
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, кормандони илмии Пажуҳишгоҳ ва донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов иштирок намуданд. Дар ҷамъомад маърӯзаи номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи таърихи таҷлили Наврӯз ва ҷаҳонишавии он шунида шуд. Саидзода зикр намуд,ки Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таърихи чандҳазорсола дорад ва аз оғоз бо руҳи байналмиллалӣ ҳамроҳ буд. Бинобарин мо бояд Наврӯзро бо талаботи рӯзгори муосир ва падидахои мутараққии он боз ҳам ғанитар созем. Ҷамолиддин Саидзода пешниҳодҳои мушаххаси худро оид ба таҷлили Наврӯз баён намуд,ки мавриди қабули донишмандон қарор гирифт. Олимон пешниҳоди Ҷамолиддин Саидзодаро маъқул донистанд ва онро ба маъмурияти Академияи таҳсилот, Вазорати маориф дар миён гузоштанд. Инчунин академик Маҳмадулло Лутфуллоев дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни таърихист» ва Тӯйчӣ Миров дар мавзӯи «Васфи табиат дар ашъори Рӯдакӣ маърӯза намуда, андешаҳояшонро баён намуданд. Дар охири ҷамъомад донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов шеъру таронаҳои наврӯзӣ қироат намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






