Оғози кишти пунбадона дар Восеъ
Кӯлоб, 30 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо баланд гардидани харорати ҳаво ва гарм шудани замин кооперативҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ паи ҳам кишти пунбадонаро вусъат мебахшанд. Кооперативи истеҳсолии ба номи «Ҳоҷӣ Партов» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ҷамоати деҳоти Тугарак ба ҳисоб меравад ва ҳамасола нақша ва дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро менамояд. Соли ҷорӣ низ яке аз аввалинҳо шуда он ба кишти пунбадона шуруъ намуд. Дар кооперативи мазкур дар баробари пахтакорӣ ба кишти сабзавоту полезӣ ва истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ду- се ҳосил дар як мавсим аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешавад, ки аз ин ҳисоб сол аз сол сатҳи зиндагии саҳмдорон беҳтар мегардад. Ноҳияи Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад ва соли гузашта деҳқонони он дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






