Оғози мусобиқаи футболи хурд дар «Амонатбонк»
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи варзишии футболи хурдро байни филиалҳои бонк оғоз намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, ки дар чорабинии варзишӣ дастаҳо аз ҳисоби кормандони филиалу оҷонсиҳои бонк ширкат менамоянд. Ин навбат беш аз 12 даста дар ин чорабинии варзишӣ ширкат менамоянд. Бояд гуфт, ки ифтитоҳи бозиҳо субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт» бо иштироки намояндагони Раёсати Бонк ва дастаҳои номнависшуда баргузор гардиданд. Бозиҳо 17-уми марти соли ҷорӣ ҷамъбаст шуда, натиҷаҳои он худи ҳамон рӯз муайян мегарданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






