Озодии баён ва интернет
Интернет яке аз ҷадидтарин ва пуриқтидортарин васоити коммуникатсионӣ мебошад Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). — Интернет яке аз ҷадидтарин ва пуриқтидортарин васоити коммуникатсионӣ мебошад, ки нисбат ба телеграф, телефон, радио, ва телевизион барои муошират мусоидтар хизмат менамояд. Имрўзҳо интернет барои ҳалли як қатор мушкилот хизмат мерасонад. Яъне тавассути он одамон натанҳо бо аҳолии тамоми дунё бо забонҳои мухталиф имкони муошират кардан доранду бо ҳамдигар табодули иттилоот менамоянд, балки бо истифода аз он инсонҳо ба бисёр суолҳои хеш посухи саҳеҳ мегиранд. Чуноне, ки маълум аст, интернет қодир аст, ки иттилоотро бе мамониат дар муддати кўтоҳтарин дар тамоми ҷаҳон паҳн намуда, диққати ҷаҳониёнро ба он ҷалб созад. Инчунин он барои инсонҳо имкон фароҳам меорад, ки онҳо бо имзои мустаор ягон афкор ё иттилоотро паҳн намоянд. Ва масъалаи муҳиме, ки имрўзҳо бояд ба он диққати зарури дода шавад, ин масъалаи моҳияти Интернет, фарҳанг ва этикаи истифодабарии хизматрасониҳои мухталифи содиршуда аз тариқи Интернет мебошад. Пушида нест, ки имрўзҳо шабакаи Интернет аз ҷониби қисмате аз ҷомеа барои дастраси ба манбаҳои иттилоотии дохиливу хориҷи низ истифода мешавад.Ин намунаҳои болозикр намунаҳои маъмули истифодабари аз шабакаи Интернет мебошанд.Ҳамзамон бо рушди техналогияҳои интернети, ба самъи истифодабарандагони шабақаи Интернет бояд ҷамбаи хуқуқи ва ҳисси масъулият зимни амалҳои анҷомдодашуда дар шабакаи Интернет низ расонида шавад. Ин масъала зарурат ба миён меорад, ки дар ҷомеа фарҳанг ва этикаи хоса ва хамчунин қоидаю муқаррароти истифодабарии Интернет таблиғ шавад. Ин амал бояд аз тарафи волидайн, аз ҷониби масъулини макотиби миёнаю олӣ ҳангоме, ки талабаҳою донишҷуён аз Интернет истифода менамоянд ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва ҳамчунин, аз ҷониби ҷомеаи иттилооти, ки Провайдерони Интернет низ ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошанд, ба роҳ монда шавад. Ба ҳама маълум аст, ки истфодабарандогони наврасу ҷавон имрўзҳо қариб бештари вақти хешро дар интернет мегузаронанд. Барои бисёртари онҳо интернет як ҷузъи асосии ҳаёташон гардидааст. Чунки дар он ҷо онҳо ҳам бо дўстон муошират менамоянду ҳам имкони пайдо намудани дустони навро доранд ва интернетро ҳамчун манбаъи омузиши дарсҳои хеш медонанд. Яъне аз интернет ҳамаи маводҳои тайёри дарсиро (иншо, реферат ва ғайраҳо ) гирифта истифода менамоянд. Бидуни ин дар дохили шабақа наврасону ҷавонон худро озод эҳсос менамоянд ва новобаста аз синну соли хеш бо одамони синну соли мухталиф суҳбати ошкоро барпо менамоянду дастраси ба ҳамаи намуди сайтҳои фаҳшу бемаъниро доранд.Аз ин лиҳоз волидайн ва муаллимонро зарур аст, ки ба наврасон фаҳмонанд, ки набояд ба чунин амалҳо даст дод. Зеро он паёмади нохуш дорад.Бояд ба истифодабарандагони Интернет фаҳмонда шавад, ки шахс нисбати тамоми амалҳои анҷомдодашуда дар шабакаи Интернет масъул ва ҷавобгу мебошад. Интернетро мебояд самаранок истифода бурд ва аз он барои хеш чизи зарури ва манфиатнокро кашф намоянд. Аз сабаби густариши шабакаи Интернет ва зиёдшавии истифодабарандагони он, дастраси ба ҳар гуна иттилоот барои ҷомеа фароҳам оварда мешавад. Дар ин ҷо таъкидан бояд зикр шавад, ки паҳни иттилооти гумроҳкунанда, дурўғ ва ё тўҳмат дар шабақаи интернет аз нуқтаи назари хуқуқи амали ҷинои маҳсуб ёфта, шахсони анчомдиҳандаи чунин амал дар назди қонун чавобгў мебошанд. Вале чи бигуем ки имрўзҳо интернет барои ҷомеаи мо майдони бедарвоза гардидааст. Истифодабарандагони интернет бо имзои мустаор ба ифшои гапҳои қабеҳ роҳ медиҳанд, шахсияти одамонро паст мезананд ва ба иззати нафси ҳамдигар мерасанд, ки ин оқибати нохушро ба бор меорад. Мутаасиф аз онем, ки баъзе ашхос озодии баён гуфта, дар сафҳоти интернет суханҳои кабеҳ дарҷ менамоянд. Бояд пеши роҳи ин амали номатлуб харчи зудтар гирифта шавад. Хушбахтона, имрузҳо бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизотҳои муосир, сохторҳои зертобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қодиранд, ки масъалаҳои паҳни ин намуди иттилоотро пайгири намуда, манбаҳои паҳни онҳоро муайян созанд. Маркази матбуоти Хадамоти алоrаи назди {укумати Xум[урии Тоxикистон.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






