Паҳлавонони ҷаҳон ба Душанбе меоянд
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Рӯзи 6-уми апрел дар толори Маҷмааи варзишии Кумитаи андози пойтахт, 46-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дюздо дар вазни мутлақ ба хотири гиромидошти нахустқаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи самбо Саидмуъмин Раҳимов баргузор мегардад. Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангуи Кумитаи миллии олимпии кишвар ба мусобиқа варзишгарони кишварҳои Афғонистон, Беларус, Муғулистон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват гардидаанд. Маврид ба ёдоварист, ки Арамбий Хапаев, қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба самбо, Михаил Тихамиров, Владимир Яприсов, Армен Багдасаров ва дигар чемпионҳои машҳури ҷаҳон низ дар мусобиқаи мазкур ширкат меварзанд. Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи дюздои кишвар доир мегардад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






